Маълумот дар бораи хобгоҳ

Хобгоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар кӯчаи Маяковский 70/3, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Бинои хобгоҳ аз 6 ошёна иборат буда, дорои 636 ҷойи истиқоматӣ мебошад, ки аз ин шумора 131 ҳуҷраи калон (барои зисти 3 нафарӣ), 138 ҳуҷраи хурд (барои зисти 2 нафарӣ), 11 ҳуҷра барои тайёр намудани хӯрок (дар ошёнаҳои 1-6), 11 ҳуҷраи таъминоти маишӣ ва хӯрокпазӣ, 1 ҳуҷра барои ҷомашӯӣ, 1 толори китобхонӣ ва 3 хонаи санитарӣ – гигиенӣ иборат аст.

             Самти тарбия, ҳамасол дар хобгоҳ  баргузории озмунҳои «Ҳуҷраи беҳтарин» ва «Ошёни муаттар», инчунин чорабинию шанбегиҳоро ба роҳ монда, истиқоматкунандагони фаъол ва ғолибони озмунҳоро бо сипосномаву диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мекунад. Ҳамзамон бахшида ба идҳо ва дигар санаҳо, инчунин, дар асоси мактубҳо шанбегиҳои дастаҷамъонаи умумихобгоҳӣ бо иштироки васеи истиқоматкунандагон ташкил карда мешавад.

Дар хобгоҳ ҷадвал ва дафтари қайди навбатдорӣ ташкил карда шуда,  тибқи он омӯзгорони кафедраҳо ҳамарӯза аз соати 19:00 то 22:00 навбатдорӣ карда, бо ҳолати зисту зиндагонӣ ва шароити будубоши донишҷӯён шинос мешаванд ва дар дафтар қайд менамоянд. Аз натиҷаи он ба ректори донишкада ҳамарӯза маълумотнома ирсол карда мешуд.

Айниҳол  дар хобгоҳ аз донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик 3 нафар писар ва 14 нафар духтар истиқомат мекунанд.