Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Раҷабзода Маҳмадулло

ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарону масъулони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар диҳанд.

Ҷавонон чун анъана пас аз хатми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва соҳиб шудан ба номаи камол рӯй ба макотиби олӣ меоваранд, то асосҳои касбу ҳунареро аз худ намоянд. Кайҳо исбот гардида, ки дониш барои ҳар як инсон беҳтарин дороиву ганҷина аст ва мавқеи ҷамъиятии шахс, мақому мартабаи ӯ аз бисёр ҷиҳат маҳз ба сатҳи дониш ва маърифати ӯ иртиботманд мебошад.

Дар интихоби пешаи ояндаи хеш ҳар ҷавон соҳибихтиёр аст ва аз ин лиҳоз, бигзор бо амри дилу дар заминаи имкону шавқу завқи хеш рафтор намояд. Ҳама касбу ҳунарҳо дар ҷомеа мақому зарурати худро доранд, манфиатбахшанд. Метавон гуфт, ки дар замони муосир донистани забонҳои хориҷӣ аз ҳар ҷиҳат судманд мебошад.

Донишкадаи мо фаъолияти беш аз 40 — сола дорад. Ҳоло маърифатгоҳи мо ҳам аз лиҳози сатҳи таълиму тарбия, ҳам аз ҷиҳати таъмин бо устодони варзида ва ҳам аз нигоҳи фарогирӣ бо таҷҳизоти муосир дар радифи беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Донишкада дорои 5 факултет аст: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо. Ҳамчунин, дар донишкада шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ амал менамояд. Дар заминаи ин факултетҳо мувофиқ ба 31 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Дар донишкада 15 кафедра фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои донишкада (рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ) наздик ба 5 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Ҷиҳати таҳсили босамари муҳассилин дарсгоҳу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, толорҳои компютерӣ, марказҳои омӯзиши амиқи фанҳо, устохонаҳо, китобхонаи дорои хазинаи бузург, китобхонаи электронӣ ва даҳҳо василаҳои дигар мадад хоҳанд расонд.

Хоҳишмандон метавонанд дар хобгоҳи донишкада, ки хуб таъмир ва муҷаҳҳаз шудаанд, истиқомат намоянд…

АФЗАЛИЯТҲОИ ДОНИШКАДА:

  1. Панҷоҳу ҳашт синфхонаи мултимедӣ, силсилаи синфхонаҳои лингофонӣ ва шумораи зиёди воситаҳои техникии муосир барои раванди таълим.
  2. Хобгоҳи замонавӣ бо беҳтарин шароити зиндагонӣ.
  3. Омӯзиши 11 забони хориҷӣ бо осонтарин усулҳои таълимӣ.
  4. Фаъолияти ботаҷрибатарин омӯзгорони забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат.
  5. Равобити ҳамкорӣ бо 50 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталифи таълимӣ.
  6. Шонздаҳ маҳфили илмӣ ва фаннии доимоамалкунанда таҳти роҳбарии маъруфтарин устодони ҷумҳурӣ.
  7. Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастрастарин маблағ барои донишҷӯён.
  8. Интишори нашрияи «Паёми донишҷӯ» бо фарогирии навгониҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, ҳамчунин, мубаллиғи истеъдодҳои ҷавон.
  9. Нашри маҷаллаи «Машъалафрӯз» барои тарҷумонҳои ҷавон ва беҳтарин мактаби тарҷумонӣ ҷиҳати омӯзиши забон.
  10.  Мавҷудияти матбуоти даврӣ барои сайқали дониш ва такмили истеъдоди эҷодии донишҷӯён.
  11.  Баргузории мунтазами озмунҳои шавқовари иртиботманд бо омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи донишкада.
  12.  Фаъолмандии ансанбли «Субҳи ҷавонӣ» барои муҳассилини дорои истеъдодҳои навозандагию раққосагӣ ва сарояндагию наттоқӣ.
  13.  Синфхонаҳои компютерии пайваст бо интернети баландсуръат барои истифодаи бемамониати донишҷӯён.
  14.  Китобхонаи шукуҳманд бо фарогирии китобҳои тозанашр ва хизматрасонии муосир.
  15.  Пешниҳоди китобхонаи электронӣ дар толорҳои барҳаво бо ҷадидтарин таҷҳизоти техникӣ.
  16.  Муколамаи ҳатмӣ бо забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои забономӯзӣ ҷиҳати такмили забондонӣ.
  17.  Омӯзиши дӯзандагию қаннодӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои донишҷӯёни болаёқат.
  18.  Ташкили саёҳати гурӯҳӣ ба манотиқи таърихӣ ва истироҳатӣ фориғ аз вақтҳои дарсӣ.
  19.  Фаъолияти Маркази рушди забони англисӣ бо фарогирии шумораи зиёди маводи мухталифи таълимӣ.
  20.  Ширкат дар ҳамоишҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ баҳри вусъати ҷаҳонбинӣ ва хештаншиносӣ.
  21.    Мавҷуд будани Маркази забони русӣ бо фарогирии китобҳои илмиву бадеӣ ва таҷҳизотҳои муосири забономӯзӣ.
  22.  Идомаи таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи  хориҷӣ.