Маҳмадулло РАҶАБЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзода,

ҲАР ЗАБОНЕ ГАНҶИ БЕҲАМТО БУВАД

Зикри мухтасар аз муваффақиятҳо ва дастовардҳои чашмраси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

РАҲБАРИ ДОНО БИБОЯД БУД ДАР ҲАР СОҲАЕ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода намудани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, онро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» фаъолияти худро баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмҳои забонишиносиву тарҷумашиносии ватанӣ саҳми арзанда мегузорад. 

Боиси қайд аст, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати моҳи декабри соли сипаригардида дар донишкада 364 нафар корманд фаъолият менамуд, ки аз онҳо: ҳайати роҳбарикунанда, кормандони хурди хизматрасонӣ, техникӣ ва хоҷагидорӣ 153 нафар (78 нафар зан), профессорону омӯзгорони асосӣ 179 нафар (103 нафар зан) ва ҳамкорони беруна 32 нафар (17 нафар зан) мебошанд. Дар маҷмӯъ, 54%-и ҳайати кормандони донишкадаро занон ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони ин соҳа Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва илм дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли ҷорӣ 15 фоиз зиёд карда шавад.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат роҳбарияти донишкада тасмим гирифта, ки дар заминаи қарори Шӯрои олимон аз 26-уми декабри соли 2019, №5/4-10 «Оид ба дастгирии иҷтимоии кормандон ва омӯзгорони донишкада» аз 1-уми январи соли 2020 музди маошро ба ҳисоби миёна ба андозаи то 15 фоиз аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишкада зиёд намояд.

Дар раванди татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби рӯз дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани нерӯи зеҳнии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина соли 2019 621 нафар, аз ҷумла, 427 нафар шуъбаи рӯзона, 154 нафар шуъбаи ғоибона ва 40нафар зинаи магистратураро хатм карданд.

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН

Ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш, ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат, ҷорӣ ва беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди таълим ва баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён дар тӯли се соли охир баҳри таҳкими пояҳои моддиву техникии донишкада тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи имконоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим донишкада бо 58 синфхонаи мултимедӣ, 5 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ, 322 адад компютер, 78 адад принтер, 53 проектор, 18 тахтаи электронӣ, 7 адад ноутбук ва 18 телевизор таъмин гардидааст.

Боиси зикри хос аст, ки афзоиши шумораи ихтисосҳо, аз ҷумла, ихтисосҳои нав ва теъдоди донишҷӯён яке аз дастовардҳои муҳимми донишкада ба шумор меравад. Агар шумораи донишҷӯён соли таҳсили 2016-2017 ба 2966 нафар, соли таҳсили 2017-2018 ба 3535 нафар ва соли таҳсили 2018-2019 ба 3930 нафар расида бошад, пас, шумораи имрӯзаи донишҷӯён дар қиёс бо соли таҳсили 2016-2017 ба андозаи 16%, ба соли таҳсили 2017-2018 ба андозаи 10% ва ба соли таҳсили 2019-2020 ба андозаи 40% зиёд мебошад.

Айни замон дар шуъбаи рӯзонаи донишкада 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забонҳои Осиё, забони англисӣ ва забонҳои Аврупо амал менамояд, ки дар онҳо 3346 нафар донишҷӯ, дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона 1593 нафар донишҷӯ ва дар маҷмӯъ 4939 нафар донишҷӯ дар 200 гурӯҳи академӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ 111 нафар магистрант, 29 нафар докторант аз рӯи ихтисос PhD, 27 нафар аспирант таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон, донишкада аз рӯи 31 барномаи зинаи бакалавриат, 5 барномаи зинаи магистратура ва 5 барномаи зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассисонро омода менамояд, ки дар қиёс ба соли таҳсили 2014-2015 нуздаҳ ихтисос зиёд аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш бо мақсади суръат бахшидан ба воридшавии меъёрҳои таҳсилоти олии сатҳи байналмилалӣ, вусъати мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон миёни муассисаҳои таълимӣ ва ба рақобати бозори меҳнат мутобиқ омода намудани мутахассисон роҳбарони соҳаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро вазифадор карда буданд, ки ҳама чораҳои заруриро дар ин самт амалӣ созанд.

Вобаста ба ин, донишкада дар доираи лоиҳаи «Татбиқи воситаҳои инноватсионии таҳсилот дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва такмили раванди омодасозии тарҷумонҳо», ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷоҳонӣ онро дар соли сипаригардида дастгирӣ намуд, нақшаву барномаҳои таълимиро такмил медиҳад.

ЗИ ИЛМИ ЗАМОНА БИЁБ ОГАҲӢ

Дар донишкада корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи самтҳои зерин роҳандозӣ шудаанд:

— масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, таҳқиқи муқоисавии забонҳо;

— нақши тарҷума дар ҷомеа, рушди тарҷума ва тарҷумашиносӣ дар замони муосир;

— методика ва технологияи нави таълими забон ва адабиёт;

— масъалаҳои мубрами фалсафа ва илмҳои ҷомеашиносӣ ва ғайра.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо дар соли 2019 аз ҷониби ҳайатиолимону омӯзгорони донишкада 22 номгӯй монография дар ҳаҷми 315,1 ҷузъи чопӣ, 17 номгӯй дастури таълимӣ, 15 номгӯй китоби дарсӣ дар ҳаҷми 228,25 ҷузъи чопӣ, 9 маҷмӯаи мақолаи илмӣ ва зиёда аз 312 мақолаи илмӣ таҳия ва ба табъ расонида шуданд, ки заҳмати шабонарӯзии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкадаро нишон медиҳад.

Дар таърихи фаъолияти 40-солаи донишкада аввалин маротиба маҷаллаи илмӣ-назариявии “Паёми донишкадаи забонҳо” бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2019, №159 ба Феҳристи нашрияҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ки ин дастоварди бузург дар пешрафту рейтинги донишкада маҳсуб меёбад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш аз китобхонӣ дур шуданро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон номида, таъкид намуданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Боиси хурсандист, ки дар факултети филологияи тоҷик китобхона бо фонди умумии беш аз 5 ҳазор китоб, аз ҷумла, 1231 китоб бо забони русӣ, 787 китоб бо забонҳои дар донишкада омӯхташаванда ва 3082 китоб бо забони давлатӣ ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамчунин, дар китобхонаи мазкур зиёда аз 15 ҳазор китоби электронӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар факултети забони англисӣ дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» Маркази рушди забони англисӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Мақсади асосии ташкили маркази мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисии тамоми донишҷӯёни кишвар аст. Ҳоло марказ дорои зиёда аз 4 ҳазор дастур, маводи таълимӣ ва беш аз ҳазор нусха адабиёти электронӣ буда, ин мавод аз ИМА, Британияи Кабир ва дигар давлатҳои хориҷ ҷамъоварӣ шудаанд.

МАЪНИБАХШИ ҲАСТӢ БОШАД ТАРБИЯТ

Дар донишкада 206 нафар (146 нафар духтар) донишҷӯ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин, 7нафар (5 нафар духтар) тибқи бурсияи байнидавлатӣ таҳсил доранд, ки дар умум теъдоди онҳо ба 215 нафар расида, аз ин 149 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва зисти донишҷӯён хобгоҳи донишкада бо 636 ҷойи истиқоматӣ, 11 ҳуҷраи хӯрокпазӣ, 1 ҳуҷра барои ҷомашӯӣ, 1 китобхона ва 1 толори китобхонӣ ва 3 хонаи санитарӣ-гигиенӣ мавриди истифода қарор дорад.

Вохӯриҳо бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занҳои собиқадори мамлакат дар мавзӯи «Хатарҳои зоҳирӣ ва ниҳонии ҷаҳонишавӣ» ва «Мавқеи зан дар ҷомеа» ба таври мунтазам сурат гирифта, барои ширкати фаъолонаи бонувону донишҷӯдухтарони донишкада дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, варзишӣ, инчунин, озмунҳову маҳфилҳо мусоидат намуд. Ин боис шуд, ки духтарони донишкада дар ҳамоиши анъанавии «Чакомаи гесӯ», «Сад ранги чакан», «Суруди алла», намоишҳои сару либоси миллӣ ва ғайра сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.

Дар донишкада чорабиниҳои гуногуни тарбиявию маърифатӣ, мизҳои мудаввар, семинар-машваратҳо дар мавзӯъҳои «Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба мақоми зан дар ҷомеа», «Донишҷӯдухтарон-ояндасози Ватан», «Бегонапарастӣ ва омилҳои пешгирии он» ва «Бемориҳои сироятӣ» ва ғайра ба таври мунтазам баргузор мешаванд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат мебошанд.

Раёсати донишкада бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуби гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни экстремистию террористӣ ва дар иртибот ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамеша чорабиниҳои илмию маърифатӣ, фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ ташкил ва баргузор менамояд.

РАВНАҚИ ДУНЁ ЗИ ИЛМИ МИЛЛАТҲОСТ

Самти дигар ва бағоят муҳимму афзалиятноки фаъолияти донишкада тавсеаи робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба шумор рафта, ҳадафи асосӣ ҳамоҳангсозии таҳсилот бо стандартҳои байналмилалӣ, мубодилаи академии омӯзгорону кормандон, ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва инноватсия аст.

Шумораи созишномаҳои донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, агар дар соли 2015 26 ададро ташкил дода бошад, имрӯз маърифатгоҳи мо бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии бурунмарзӣ ва ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Муддати як соли охир 8 нафар омӯзгори донишкада ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштан ва иштирок дар семинару симпозиумҳо ба ҷамоҳири Ҷопон, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Озарбайҷон сафарбар гардиданд.

Дар зинаи магистратура, аспирантура ва доктор аз рӯи ихтисос (PhD) айни замон 8 нафар, аз ҷумла, 4 нафар дар Ҷопон, 1 нафар дар Ҳиндустон ва 3 нафар дар Федератсияи Россия идомаи таҳсил доранд.

Боиси хушҳолист, ки ҳоло дар донишкада851 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз мамолики Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҷопон, Федератсияи Россия ва Хитой таҳсил доранд.

Танҳо дар як соли охир созишномаҳо байни донишкада ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Вуйии Ҷумҳурии Мардумии Хитой, Донишгоҳи Сиитии Малайзия, Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ таҳия гардида, мавриди баррасии тарафайн қарор доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи донишҷӯдухтарон бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаҳои грантии «Дастгирии донишҷӯдухтарон дар хобгоҳ» ва «Автоматикунонии раванди таълим дар донишкада» татбиқ гардида истодаанд, ки барои ворид намудани технологияи муосири иттилоотиву иртиботӣ ба раванди таҳсилот мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр, натиҷаҳои бадастовардаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкада барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони забоншинос, омӯзгор ва тарҷумонҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонии меҳнат мусоидат намуда, ҷиҳати татбиқи рисолати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва баланд гардидани рейтинги он дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ заҳмати пайвастаро тақозо дорад.

PS: Мақола аз номи нашрия чоп шавад ё аз номи Доро Суҳробӣ, роҳбари бахши таҳлилӣ-иттилоотии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода