ҚОИДАҲОИ

тартиботи дохилии меҳнатии муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

ба номи Сотим Улуғзода”

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Вазифа ва мақсади ҳар як шаҳрванди қобили меҳнат, ин заҳмати софдилона дар бахши интихобкардаи ӯ дар фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ ва риояи интизоми меҳнат маҳсуб меёбад.

Фаъолияти меҳнатӣ дармуассисаи давлатии таълимии“Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” (минбаъд Донишкада) ин натанҳо риояи қатъии Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, балки муносибати бошууронаю эҷодкорона ба кору таҳсил, таъмину сифати баланди он ва истифодаи самарабахши вақти корӣҳам мебошад.

Муносибати эҳтиёткорона ба моликияти Донишкада, иҷрои меъёри меҳнат аз вазифаҳои аъзои коллективи меҳнатӣ ба шумор меравад.

         Интизоми меҳнат ва таҳсил тавассути усули муътақидсозӣ, инчунин бо роҳи мукофотонидан барои меҳнати содиқона ва таҳсили софдилона таъмин мегардад. Нисбати вайронкунандагони интизоми меҳнат чораҳои таъсиррасонӣ андешида мешавад.

  • Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ бо мақсади мусоидат намудани тарбияи коллектив дар робита ба таҳкими минбаъдаи интизоми меҳнат, таҳсил ва илмистифодаи оқилонаи вақти корӣ, таҳсил ва беҳтар намудани сифати ҷараёни таълим равона шудааст.
  • Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода”, Низомномаимуассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандадар якҷоягӣ ва мувофиқа бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба таҳияи гардида, татбиқи он роҳандозӣ карда мешавад.
  1. Тартиби ба кор қабул ва аз кор озод намудан
  2. Корманд дар Донишкадаҳуқуқи кор карданро танҳо баъди бастани шартномаи меҳнатӣ ба даст меорад.
  3. Дар мавриди ба кор қабул намудан раёсати Донишкада вазифадор аст, ки аз довталабон ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, талаб намоянд.
  4. Ректор, муовинони ӯ, деканҳои факултетҳо тибқи Оинномаи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” тибқитартиби муқарраргардида таъйин карда мешаванд.
    1. Вазифаҳои мудирони кафедраҳо, профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон тибқи низомномаи мавҷуда ба тариқи озмун ишғол карда мешаванд.
    1. Меъёри синнусол барои ишғол намудани вазифаҳои ректори Донишкада, муовинони ӯ, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо тибқи тартиби қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
    1. Мутахассисони ҷавоне, ки ба Донишкада баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фиристода шудаанд ва ё баъди хатм ҷиҳати фаъолият дар Донишкада мондаанд, тибқи тартиби муқарраргардида, бидуни гузаронидани озмун бо муайян намудани муҳлати омӯзиш ба вазифа таъин карда мешаванд.
  5. Кормандони Донишкада дар мавридҳои ҷудогона тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамкор метавонанд, фаъолият намоянд.
  6. Қабул ба кор бо фармоиши ректори Донишкада сурат мегирад. Фармоиш дар муддати се рӯз бароварда мешавад ва корманд аз муҳтавои он бо гузоштани имзо шинос мешавад. Иҷозат додан ба фаъолияти меҳнатӣ аз тарафи ашхоси мансабдори дахлдор (ректор, муовини ректор) амалан бастани шартномаи меҳнатӣ маҳсуб меёбад, новобаста аз он, ки қабул ба кор ба таври лозимӣ сурат гирифт ва ё ғайри он.
  7. Дар мавриди қабул ба кор ва ё ба кори дигар гузаронидани корманди Донишкада мувофиқи тартиби муқарраргардида маъмурият вазифадор аст:

— шинос намудани корманд бо коре, ки ба вай вогузор мешавад, шароити меҳнат, фаҳмондани ҳуқуқ ва вазифаҳои ӯ;

— шинос намудани вай бо Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва реҷаи таълим дар Донишкада;

— фаҳмонидани Қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, санитарӣ ва муҳофизат аз сӯхтор.

10. Барои нафаре, ки бори нахуст ба кор шурӯъ мекунад, дар муддати на дертар аз 5 рӯзи баъди қабул ба кор дафтарчаи меҳнатӣ тартиб дода мешавад. Барои ашхосе, ки дар Донишкада аз рӯйи соатбайъ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ ба шарте дода мешавад, ки агар ин кори асосӣ бошад.

11. Қатъ намудани амали шартномаи меҳнатӣ танҳо дар мавридҳое имконпазир мебошад, ки қонунгузории ҷорӣ онропешбинӣнамуда бошад. Кормандони Донишкада, аз ҷумла,ҳайати профессорону омӯзгорон, ҳуқуқи қатъ намудани фаъолияти шартномаи меҳнатиро доранд, ки он ба муҳлати номуайян баста шудааства дар ин хусусду моҳқабл ба маъмурияти Донишкада ба таври хаттӣ хабар дода мешавад. Дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти шартномаи меҳнатӣ бо сабаби узрнок, корманд ҳақ дорад фаъолияташро қатъ намояд ва маъмурияти Донишкада вазифадор аст, ки дафтарчаи меҳнатиашро баргардонад ва бо вай ҳисобу китобро баробар намояд. Мувофиқи ризоияти тарафайн корманд ва маъмурият имкон доранд, амали шартномаи меҳнатиро пеш аз ба итмом расидани муҳлати эълони аз кор рафтан ҳам қатъ намоянд.

         Шартномаи меҳнатии муҳлатнок дар ҳолатҳои беморӣ ва ё маъюбӣ ваҳолатҳои дигаре, ки анҷоми корҳои дар шартнома пешбинишударо имконнопазир мегардонанд, аз тарафи раёсат бо сабабҳои дигари узрнок қатъ карда мешавад.

         Қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси маъмурият бидуни пешакӣ гирифтани ризоияти Кумитаимуттаҳидаи иттифоқи касаба имконнопазир аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.

12. Аз кор озод намудани кормандони доимӣ аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорон ба сабаби ихтисор шудани ҳаҷми кор танҳо баъди ба итмом расидани соли таҳсил, тибқи қонунгузории ҷорӣ сурат мегирад.

13. Қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣбо фармоиши ректори Донишкада сурат мегирад.

14. Дар рӯзи аз кор озод намудан маъмурият вазифадор аст, ки ба корманд ва ё коргар дафтарчаи меҳнатии ӯро бо сабти маълумот дар бораи аз кор озод шудан баргардонад, инчунин бо вай пурра ҳисобу китоб намояд. Сабти сабабҳои аз кор озод шудан дар дафтарчаи меҳнатӣ бояд ба талаботи қононгузорӣ пурра мутобиқ бошад. Рӯзи аз кор озод намудан (санаи дар фармоиш зикршуда) рӯзи охирини кор маҳсуб меёбад.

  1. Вазифаҳои асосии кормандон ва донишҷӯён

15. Ҳамаи кормандони Донишкада вазифадоранд:

— Оинномаи Донишкада ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро риоя намоянд;

—  интизоми меҳнат – асоси тартибот дар Донишкада, яъне саривақт ба кор ҳозир шудан, давомнокии вақти кории муқарраршударо риоя намудан, истифодаи ҳамаи вақти корӣ барои анҷоми корҳои супурдашуда, иҷрои саривақтӣ ва пурраи супоришоти маъмурият ва амсоли инҳоро риоя намоянд;

— талабот нисбати ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, гигиенаи меҳнат ва муҳофизат аз сӯхторро, ки дар қоидаҳо ва дастурамалҳои дахлдор пешбинӣ гардидаанд, риоя намоянд;

-тартибот ва тозагии ҷойи кори худро таъмин намоянд;

-моликияти Донишкадаро ҳифз намуда, таҷҳизот, дастгоҳҳо, асбобҳо, китобҳо, ҷиҳоз ва дигар амволро самаранок истифода баранд;

-ба таври шоиста рафтор намуда, қоидаҳои ҳамкориро риоя намоянд ва аз амалҳое, ки ба дигарон баҳри анҷоми вазифаҳояшон халал мерасонанд, худдорӣ намоянд;

— мунтазам маҳорату малакаи касбӣ- истеҳсолиихудро такмил диҳанд;

— тартиботи муқарраргардидаи нигаҳдории арзишҳои моддӣ ва ҳуҷҷатҳоро риоя намоянд.

16. Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада вазифадоранд:

        — корҳои таълимию методиро аз рӯйи ихтисоси худ дар сатҳи баланди касбию назариявӣ анҷом диҳанд;

        — тарбияи донишҷӯёнро дар руҳияи арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монанд;

        — таҳқиқоти илмиро ба роҳ монда, дар татбиқи фаъолияти раванди таълим ширкат намоянд;

        — корҳои илмӣ-таҳқиқотии анҷомдодаро барои аз қайди давлатӣ гузаронидан, мутобиқи талаботи муқарраргардида пешниҳод намоянд ва дар татбиқи шартномаҳо доир ба ҳамкории эҷодӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;

        — мантазам сатҳи дониши илмӣ ва маҳорати касбии худро баланд бардоранд;

        — донишҳои назариявӣ, таҷрибаи амалӣ, методҳои иҷрои корҳои илмӣ, маҳорати педагогии худро такмил диҳанд;

        — профессорон ва дотсентонҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ фаъолияти босамарро ба роҳ монанд;

        — ба донишҷӯён дар ташкили корҳои инфиродӣ ва мустақилона ёрӣ расонанд;

        — ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён роҳбарӣ намоянд;

        — донишҳои илмию педагогиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд;

        — бо хатмкунандагони Донишкадаалоқаи доимӣ барқарор намуда, бо мақсади такмил додани раванди таълим фаъолияти онҳоро таҳлил намоянд.

         17. Доираи вазифаҳое, ки ҳар як корманд аз рӯйи ихтисос ва ё вазифа иҷро менамояд, тавассути дастурамали вазифавӣ, низомнома ва асноди дигари тахассусӣ, ки дар Донишкада муайян гардидаанд, муқаррар мегардад.

18. Донишҷӯёни Донишкада вазифадоранд:

— Оинномаи Донишкада ва Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро риоя намоянд;

— донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалиро аз рӯйи ихтисоси интихобкардаашон ба таври муназзам ва амиқ аз худ намоянд;

— дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд;

-Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва Қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳи донишҷӯёнро риоя намоянд;

сабабҳои ба дарс ҳозир нашудан, ба дарс дер монданихудро ба садорати факултет огоҳ созад;

-ба моликияти ҷамъиятии Донишкада, аз қабили ҷиҳоз, васоити таълим, китобҳо, асбобҳо ва дигар моликияти он эҳтиёткорона муносибат намоянд;

— аз озмоишгоҳҳо ва дигар утоқҳои таълимии Донишкада анҷом ва таҷҳизоти мухталифро ба берун набароранд;

-дар Донишкада ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо интизом ва озода бошанд, ба дарсҳо бо либоси тавсиявӣ ҳозир шаванд;

— дар бинои таълимӣ, хобгоҳ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ тозагӣ ва тартиботро риоя намоянд.

19. Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқол намудани донишҷӯён тавассути низомномаи дахлдор ба танзим дароварда мешавад.

  1. Вазифаҳои асосии раёсати Донишкада

20. Раёсати Донишкада вазифадор аст:

        — ташкили фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар кормандони Донишкадаро тавре ба роҳ монад, ки ҳар кас аз рӯйи ихтисос ва тахассуси худ кор кунад ва ҷойи муайяни кор дошта бошад;

— саривақт омӯзгоронро аз машғулиятҳои таълимӣ дар ҷараён гузорад ва барои соли таҳсили дарпешистода нақшаҳои инфиродии таълимию методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва дигар намудҳои корро тасдиқ намояд;

— саривақт ба кормандон супоришҳо диҳад, онҳоро ба ҳамаи маводи зарурӣ, таҷҳизот таъмин намояд ва шароити муътадили корро фароҳам оварад;

— барои беҳтар намудани сифати тайёркунии кадрҳо бо назардошти талаботи истеҳсолоти ҳозиразамон, илм, техникаю фарҳанг ва дурнамои рушди онҳо, ташкили илмии меҳнат шароит фароҳам оварда, омӯзиши татбиқи методҳои самарабахши таълимро ба роҳ монад;

-саривақт пешниҳоди омӯзгорон ва дигар кормандонро, ки ба беҳтар намудани фаъолияти Донишкада равона гардидаанд, баррасӣ намуда дар амал татбиқ намояд;

— шароити меҳнатро беҳтар намуда, бечунучаро қонунгузории меҳнатро риоя намояд, ҳамаи ҷойҳои корро бо таҷҳизоти зарурии техникӣ муҷаҳҳаз намуда, дар онҳо шароити хуби меҳнатро фароҳам оварад, ки ҷавобгӯйи Қоидаҳои ҳифзи меҳнат (Қоидаҳои техникаи бехатарӣ, меъёрҳои санитарӣ ва ғайра) бошад, интизоми меҳнату таълимро ҳаматарафа таҳқим бахшад;

-ҳолати дурусти иморатҳо, маркази гармидиҳӣ, васоити рӯшноидиҳанда, ҳавотозакунӣ ва  дигар таҷҳизотро таъмин намояд;

— саривақт ба ҳамаи кормандони Донишкада пешниҳод намудани рухсатии меҳнатиро таъмин намояд. Дар охири соли таҳсил (пеш аз ба рухсатии меҳнатӣ баромадан) ба омӯзгорон сарбории солонаи онҳоро барои соли нави таҳсил маълум намояд;

-ҳавасмандкунии моддиро беҳтар ба роҳ монда, масъалаи мукофотонидани кормандони пешқадам, паҳн намудани таҷрибаи пешқадамро ҳал намояд;

— мунтазам баланд бардоштани тахассуси касбӣ (истеҳсолӣ)-и омӯзгорон ва дигар кормандони Донишкадаро таъмин намояд;

-барои ба вуҷуд овардани фазои корию эҷодӣ дар коллектив мусоидат намуда, ҳаматарафа фаъолнокӣ ва ташаббуси кормандонро дастгирӣ ва инкишоф дода, тамоми имконоти маҷлисҳои истеҳсолӣ ва шаклҳои гуногуни мустақилияти ҷамъиятиро пурра истифода намояд;

— саривақт эродҳои интиқодии омӯзгорон ва дигар кормандони Донишкадаро баррасӣ намуда, аз андешидани чораҳо ба онҳо хабар диҳад;

— ба ниёз ва дархостҳои кормандону омӯзгорони Донишкада, донишҷӯён бодиққат муносибат намояд ва барои беҳтар намудани шароити манзили зисту маишии онҳо чораҷӯйӣ намояд;

— анҷоми вазифаҳои худро дар ҳолатҳои дахлдор дар мувофиқа бо Кумитаимуттаҳидаи иттифоқи касаба, инчунин бо назардошти салоҳияти Шӯрои олимони Донишкада ба роҳ монад.

  • Вақти корӣ ва истифодаи он

21. Барои ҳайати профессорну омӯзгорон ҳафтаи кории шашрӯза ва рӯзи кории шашсоата муқаррар гардидааст.

22. Дар ҳаҷми шаш соати рӯзи корӣомӯзгорони Донишкада бояд анҷоми ҳамаи намудҳои корҳои таълимӣ–методӣ ва илмӣ – таҳқиқотиро, ки аз вазифаҳои мақоми ишғолкардаашон, нақшаҳои таълимӣ ва илмӣ – таҳқиқотӣ бармеояд, ба роҳ монанд.

         Ба таври ҳамкорӣ анҷом додани корҳои дигар аз тарафи омӯзгорон, кормандони бахшҳои таълиму ёрирасон, маъмурию хоҷагидорӣ, ки дар қонунгузории ҷорӣ иҷозат дода шудааст, берун аз вақти кории барои анҷоми вазифаи асосӣ пешбинишуда, сурат мегирад. Ба ректор, муовинони ӯ, ба сардорони раёсатҳо гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар вақти асосии корӣ иҷозат дода мешавад.

         Вақти оғозу анҷоми кори омӯзгорон аз рӯйи вазифаҳои асосӣ ва ҳамкорӣ бо назардошти ҷадвали машғулиятҳои таълимӣ, ки аз тарафи муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ тасдиқ шудааст, муқаррар мегардад.

23. Давомнокии рӯзи корӣ барои кормандони бахшҳои таълиму ёрирасон ва маъмурию хоҷагидорӣҳафт соат, барои кормандони таълиму ёрирасони кафедра дар ҳаҷми ҳафтаи аз тарафи қонунгузорӣ муқарраргардида, муайян мешавад.

24. Раёсати Донишкада дар мувофиқа бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба метавонад барои кормандони бахшҳо ва гурӯҳҳои ҷудогона вақти дигари оғозу анҷоми корро муқаррар намояд.

25. Кормандони бахшҳои таълиму ёрирасон ва маъмурию хоҷагидорӣ вазифадоранд, ки то оғози кор аз қайд гузаранд. Табел барои ашхоси мазкур аз тарафи табелчӣ ва ё корманди дигаре, ки бо фармоиши ректор иҷрои ин кор ба вай вогузор шудааст, тартиб дода мешавад.

26. Раёсат ба кормандоне, ки дар ҳолати сархушӣ ба кор ҳозир шудаанд, дар ибтидо ҷазои интизомӣ дода, огоҳ мекунад, ки дар сурати такрор аз кор озод карда мешавад.

27. Дар сурати ба кор ҳозир нашудани омӯзгор ва ё корманди Донишкада, раёсатиДонишкада барои иваз намудани он бо нафари дигар чораҳои фаврӣ меандешад ва сабаби ба кор ҳозир нашудани омӯзгор баъдтар муайян карда мешавад.

28. Барои иҷрои кори берун аз муҳлати муқарраршуда роҳ дода намешавад. Анҷоми изофакориро маъмурият метавонад дар ҳолатҳои фавқулодае, ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, танҳо бо иҷозати Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба ба роҳ монад.

29. Дар вақти корӣ амалҳои зерин маън аст:

— то анҷоми кори асосӣ ба кори дигар ҷалб намудани кормандон, ба назди худ даъват намудан ва ё дар вақти  иҷрои кори асосӣ ба кори ҷамъиятӣҷалб намудани онҳо, гузаронидани ҳаргуна чорабиниҳое, ки ба фаъолияти асосӣ алоқаманд нестанд;

— баргузор намудани маҷлис ва ҳаргуна машварат.

30. Навбати пешниҳод намудани рухсатии меҳнатии ҳарсола аз тарафи раёсати Донишкада дар мувофиқа бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба муқаррар карда мешавад. Ҷадвали пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ ба кормандон барои ҳар як соли тақвимӣ, на дертар аз 5-уми апрели соли равон тартиб дода мешавад ва ба маълумоти ҳамаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон пешниҳод карда мешавад.

  • Ҳавасмандгардонӣ барои комёбиҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсил

  31. Барои иҷрои намунавии уҳдадориҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани самаранокии меҳнат, кори маҳсулнокии тӯлонӣ, навоварӣ дар фаъолияти меҳнатӣ ва дигар комёбиҳои меҳнатӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ҳавасмандкунӣ ва қадршиносӣ ба тартиби зайл муқаррар карда мешавад:

— эълони раҳматнома;

— додани мукофоти пулӣ;

— сарфароз гардонидан бо ифтихорнома;

— дар китоби фахрӣ ва лавҳаи фахрӣ сабт кардан.

Бандҳои «1» ва «2» ба салоҳияти маъмурият ва бандҳои «3» ва «4» бо мувофиқаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба амалӣ мегарданд.

Зимни амалӣ гардонидани бандҳои зикршуда оид баҳавасманд­гардонии ҳайати пофессорону омӯзгорон вакормандон, фикру андешаи коллективи меҳнатӣ ба эътибор гирифта мешавад ва тавассути фармоиши ректор ба расмият дароварда шуда, барои маълумот ба дафтарчаи меҳнатӣ сабт мегардад.

32. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон, ки уҳдадориҳо ва вазифаҳои кории худро бовиҷдонона иҷро менамоянд, имтиёзҳо дар хизматрасонии иҷтимоӣ-маданӣ ва соҳаи хоҷагӣ дода мешаванд. Чунин кормандон дар фаъолияти корӣ имтиёзи болоравӣ дар вазифаро доранд.

33. Барои хизмати арзанда ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандониДонишкада, барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.

34. Коллективи меҳнатӣ барои комёбиҳои меҳатии кормандон меъёрҳои ҳавасмандгардонии ҷамъиятиро истифода мебарад ва ҳамчунин кормандонро ба ҳавасмандкунии моддӣ, молиявӣ ва маънавӣ пешбарӣ мекунад, фикру андешаи худро барои пешниҳоди номзадҳо ба мукофот ва ифтихорномаҳои давлатӣ баён менамоянд.

35. Роҳбарияти Донишкада метавонад баҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба ғайр аз музди меҳнати вазифавӣ, инчунин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати уҳдадориҳои меҳнатӣ ва дастурамали вазифавӣ, музди кори иловагиро аз ҳисоби маблағҳои махсус муайян намояд.

36. Пардохти маблағҳои иловагӣ (иловапулии яквақта) бо пешниҳоди ректори Донишкада ва роҳбари сохтори таркибӣ дар мувофиқа бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба, тибқи қарори Комиссия оид ба ҳавасмандгардонӣ дар асоси фармоиши ректори Донишкада ба роҳ монда мешавад.

37. Асоси пардохти маблағҳои иловагӣ (иловапулии яквақта) аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишкадаба роҳ монда мешавад.

38. Барои иштирок ва азхудкунии намунавии дарсҳо, ширкати фаъолона дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷамъиятии Донишкада барои донишҷӯён, магистрантҳо, докторонтон ва аспирантон меъёрҳои зерини ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо мавҷуданд:

— эълон кардани раҳматнома;

— додани мукофоти пулӣ;

— сарфароз гардонидан бо ифтихорнома.

Имтиёз ва ҳавасмандгардонӣ бо фармоиши ректор ба расмият дароварда шуда, бо мувофиқаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабава шуъбаикор бо ҷавонон дар ҷаласаи умумии Донишкада ва факултет эълон карда мешавад. Нусха аз қарор дар бораи имтиёз ва ҳавасмандгардонии донишҷӯ, магистрант, докторонат ва аспирант дар парвандаи шахсии онҳо нигоҳ дошта мешавад.

  • Кафолати таъмин намудани ҳуқуқи меҳнати кормандон

39. Беасос рад намудани қабул ба кор ва аз кор озод намудан манъ аст.

40. Аз корманд талаб намудани иҷрои корҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣқайд нашудаанд, манъ карда мешавад.

41. Бе розигии хаттии корманд ва ҳолатҳое, ки дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба дигар вақт гузарондани муҳлати рухсатие, ки тибқи ҷадвал тасдиқ гардидааст, инчунин дар муддати ду сол паиҳам пешниҳод накардани рухсатии меҳнатӣ манъ карда мешавад.

42.Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.

  • Ташкили раванди таълим

43. Машғулиятҳои таълимӣ дар Донишкада аз рӯйи ҷадвал мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд, гузаронида мешавад.

44. Ҷадвали дарсҳо барои як мавсими таҳсил тартиб дода мешавад ва на дертар аз 10 рӯз то оғози ҳар як даври академӣ дар девор овехта мешавад.

45. Давомнокии соати академӣ тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда мешавад. Аз оғозу анҷоми дарс омӯзгорону донишҷӯён тавассути занг бохабар карда мешаванд. Байни соатҳои академӣ танаффус муқаррар мегардад, ки аз тарафи маъмурият муайян карда мешавад.

46. Ворид шудани донишҷӯён ба синфхона баъди занги даромад то занги баромад манъ аст.

47. То оғози ҳар як машғулияти таълимӣ дар синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, утоқҳои таълимӣ, лаборантҳо, васоити таълим ва таҷҳизоти заруриро фароҳам меоваранд.

48. Барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо ҳар як курс ба зергурӯҳҳо тақсим мешавад. Ҳайати онҳо, вобаста ба хусусияти машғулияти амалӣ, бо фармоиши ректор муайян карда мешавад.

49. Дар ҳар як гурӯҳ бо фармоиши ректор (аз рӯйи пешниҳоди декан) аз ҷумлаи донишҷӯёни пешқадам ва боинтизом сардори гурӯҳ таъин карда мешавад. Сардори гурӯҳ бевосита ба декани факултет итоат мекунад ва дар гурӯҳи худ амру нишондодҳои онро амалӣ мегардонад.

         Вазифаи сардори гурӯҳ аз инҳо иборат аст:

         а) ба ҳисоб гирифтани иштироки донишҷӯён дар ҳамаи намудҳои дарс;

         б) ба декан пешниҳод намудани маълумот оид ба ҳозир нашудан ба дарсҳо ва дермонии донишҷӯён ба дарсҳо, бо нишон додани сабабҳои дермонӣ;

         в) назорат намудани интизоми донишҷӯён дар гурӯҳ ва машғулиятҳои лексионию амалӣ, инчунин муҳофизат намудани таҷҳизот ва ашёҳои таълим;

         г) бохабар намудани донишҷӯён аз тағйироте, ки дар ҷадвали дарсҳо аз тарафи садорати факултет ворид карда шудааст.

50. Барои ҳар як гурӯҳ аз рӯйитартиби муқарраргардида журнал ба роҳ монда мешавад, ки дар факултетҳо нигоҳ дошта шуда,  пеш аз оғози дарсҳо ба сардори гурӯҳ супорида мешавад. Сардори гурӯҳ дар он давомоти донишҷӯёни гурӯҳро ба ҳисоб мегирад ва баъд аз он ба омӯзгорон барои қайди мавзӯи дарс ва имзогузорӣ пешниҳод менамояд. Баъди ба итмом расидани дарсҳо журнал ба садорати факултет баргардонда мешавад.

  1. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат ва таҳсил

51. Вайрон намудани интизоми меҳнат, иҷро накардан ё ба таври зарурӣ анҷом надодани вазифаҳое, ки корманд бар дӯш дорад, боиси истифодаи чораҳои таъсиррасонии меҳнатӣмегардад.

52. Барои вайрон намудани интизоми меҳнат раёсати Донишкада мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини ҷазои интизомиро истифода мебарад:

а) сарзаниш;

б) танбеҳ;

в) танбеҳи қатъӣ;

г) аз кор озод намудан.

         Дар ҷойи кор ҳозир набудан ва бештар вақт ба кор дер мондани кормандони ёрирасон низ намудҳои мазкури ҷазоро тақозо дорад.

         Аз кор озод намудан, ҳамчун ҷазо, дар ҳолате истифода мешавад, ки агар корманд мунтазам вазифаҳои тибқи шартномаи меҳнатӣ ва дастурамали вазифавиро иҷро накунад, агар қаблан насбати ин корманд чораҳои дигари интизомӣ татбиқ шуда бошад, инчунин бе сабабҳои узрнок коршиканӣ кардааст. Коршиканӣ- бе сабабҳои узрнок дар тӯли рӯзи корӣ ба кор ҳозир нашудан барои кормандони ёрирасони ҷараёни таълим зиёда аз 3 соат ва барои омӯзгорон 2 соатро ташкил медиҳад.

         Рухсатии навбатӣ барои омӯзгорону кормандоне, ки бе сабабҳои узрнок ба коршиканӣ роҳ додаанд, на камтар аз 12 рӯзи кориро бояд ташкил диҳад.

53. Ҷазои интизомӣ аз ҷониби ректор дода мешавад. Раёсати Донишкадаҳуқуқ дорад, ки ба ҷойи истифодаи ҷазои интизомӣ масъалаи вайрон намудани интизоми меҳнатро ба баррасии намояндаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касаба пешниҳод намояд.

54. Қабл аз додани ҷазо ба вайронкунандаи интизоми меҳнат бояд дар шакли хаттӣ баёнот гирифта шавад. Саркашии корманд аз додани баёнот ба ҷазо додан монеъ намешавад.

55. Ҷазои интизомӣ аз тарафи раёсат бевосита баъди ба мушоҳида расидани чунин кирдор, аммо на дертар аз як моҳи баъди мушоҳидаи он сурат мегирад. Дар чунин ҳолат рӯзҳои бемории корманд ва ё дар рухсатӣ будани он ба ҳисоб гирифта намешаванд. Ҷазои интизомӣ на бояд баъди зиёда аз 6 моҳи содиршавии вайронкунии интизоми меҳнат сурат гирад. Ба муҳлати мазкур вақти тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

56. Дар мавриди раво донистани ҷазои интизомӣ бояд дараҷаи кирдори содиршуда вазъияте, ки чунин кирдор содир шудааст, инчунин фаъолият ва рафтори пешакии корманд ба назар гирифта мешаванд.

57. Ҷазои интизомӣ тавассути фармоиши ректор сурат мегирад ва дар муддати 3 шабонарӯз бо гирифтани дастхат ба корманд маълум карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ муҳтавои фармоиш ба иттилои ҳамаи кормандони Донишкада расонида мешавад.

58. Агар дар муддати як соли баъди гирифтани ҷазои интизомӣ корманд ҷазои дигаре нагирифта бошад онгоҳ, вай орӣ аз ҷазо маҳсуб меёбад.

         Маъмурият метавонад тавассути фармоиши ректор ба итмом расидани муҳлати ҷазоро интизор нашуда ҷазои интизомии кормандро ботил гардонад, ба шарте ки корманд дигар ба вайрон намудани интизоми меҳнат роҳ надода, худро ҳамчун корманди хубу бовиҷдон нишон дода бошад.

59. Барои вайрон намудани интизоми таҳсил, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва истиқомат дар хобгоҳ намудҳои зерини ҷазои интизомӣтатбиқ мегардад:

         а) сарзаниш;

         б) танбеҳ;

         в) танбеҳи қатъӣ;

г) хориҷ намудан аз Донишкада.

         Аз Донишкада барои дарсшиканӣ донишҷӯёне хориҷ карда мешаванд, ки агар дар як даври академӣ бе сабабҳои узрнок ба миқдори 36 соат ва аз он зиёдтар дар дарсҳо иштирок накардаанд, тартиби хориҷ кардан аз Донишкада тавассути низомномаи дахлдор муайян карда мешавад.

60. Дар дафтарчаи меҳнатии донишҷӯён (аз донишҷӯёне, ки дафтарчаи меҳнатӣ доранд) вақти таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи Донишкада, бидуни нишон додани сабаби хориҷшавӣ, сабт карда мешавад.

  • Тартибот дар биноҳои таълимии Донишкада

61. Масъулияти беҳдошт ва таъмини шароити корӣ дар утоқҳои таълимӣ ва корӣ (мавҷудияти ҷевонҳои дурусти корӣ, таҷҳизоти таълимӣ, нигоҳдошти ҳарорати муътадил, рӯшноӣ ва мисоли инҳо) ба зиммаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ вогузошта шудааст.

62. Барои нигоҳдорӣ ва дурустии таҷҳизот дар синфхонаҳои компютерӣ ва лингофонӣ, утоқҳои таълимӣ, инчунин барои омода намудани васоити таълим ба дарс масъули синфхонаҳои фаннӣ (компютерӣ ва лингофонӣ) назорат менамояд.

63. Дар утоқҳои корӣ, толори фарҳангӣ ва биноҳои таълимии Донишкада чунин амалу рафтор аз тарафи кормандон ва омӯзгорон қатъиян манъ аст:

— сигору нос кашидан;

— истеъмоли нӯшокии спиртӣ;

— овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи маводи мадҳушкунанда ва нашъаовар;

— дар ҳолати сархушӣ ва нашъамандӣҳозир шудан;

— истифодаи телефонҳои мобилӣдар бинои таълим ва раванди дарс;

—  дар маҷлисгоҳ, толорҳои фарҳангӣва  раванди дарсҳо бо палто ва кулоҳ будан;

— дар маҷлисгоҳ, толорҳои фарҳангӣ дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани телефони мобилӣ;

— бе сару либоси расмӣба Донишкада омадан;

64. Дар Донишкада, утоқҳои корӣ, толори фарҳангӣ ва биноҳои таълимӣ чунин амалу рафтор аз тарафи донишҷӯён, магистрантҳо,докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва шунавандагонқатъиян манъ аст:

— сигору нос кашидан;

— истеъмоли нӯшокии спиртӣ;

— овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи маводи мадҳушкунанда ва нашъаовар;

— дар ҳолати сархушӣ ва нашъамандӣҳозир шудан;

—  дар маҷлисгоҳ, толорҳои фарҳангӣва  раванди дарсҳо бо палто ва кулоҳ будан;

— истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бинои таълим ва раванди дарс;

— дар маҷлисгоҳ, толорҳои фарҳангӣ дар ҳолати фаъол нигоҳ доштани телефони мобилӣ;

— бе ҷузвдон ва маводҳои таълимӣ ба дарс омадан;

— ба Донишкада омадан бо идора намудани воситаи нақлиёти механикӣ. Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба Донишкада омадан, донишҷӯй бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз Донишкада хориҷ карда мешавад;

— бе сару либосе, ки дар Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда омадан;

65. Ба биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои Донишкада бо либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд, аз қабили либосҳои суратдор, нимурён, куртаҳои пур аз навиштаҷот, сатр, ҳиҷоб, шимҳои аз ҳад зиёд танг ворид шудан қатъиян манъ аст.

Қоидаҳои тартиби зист дар хобгоҳ бо санади дигари бо қарори Шӯрои олимони Донишкада тасдиқгардида, ба танзим дароварда мешавад.

66. Маъмурияти Донишкада масъул аст, ки ҳифз ва нигаҳдошти моликият, таҷҳизот, амвол ва тармими зарурии биноҳоро таъмин намояд.

Ҳифзи биноҳо ва моликияти Донишкада бо фармоиши ректори Донишкада ба масъулияти кормандони хоҷагидорӣ вогузор карда мешавад.

67. Дар Донишкада рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба тариқи зайл аст:

— ректори Донишкада – рӯзҳои чоршанбеаз соати 1400 то 1600 ва шанбе аз соати 0900 то 1100;

— муовинони ректор ҳамарӯза баъд аз соати 1400;

— роҳбарони сохторҳои таркибии Донишкада, деканони факултетҳо, муовинони деканҳо ва мудирони кафедраҳо вақтҳои қабули худро бо назардошти сарбории таълимӣ, вақти кории идора, факултет ва кафедраҳо муқаррар мекунанд.

68. Калидҳо аз толори фарҳангӣ, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳо бояд дар дасти шахси масъули ҳифз ва нигаҳдошти биноҳои таълимӣ (комендантҳо) бошанд ва мутобиқи рӯйхати аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ тасдиқшуда ба мутасаддиён дар вақти корӣ барои истифодабарӣ дода мешаванд.

Ба донишҷӯён додани калидҳо аз толори фарҳангӣ, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва коргоҳҳо манъ аст.

         69. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар Донишкада, дар ҷойи намоён овехта мешавад.

  • Муқаррароти хотимавӣ

70. Доираи амали Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон,кормандон, донишҷӯёну магистрантҳо, аспирантону докторантон, унвонҷӯён ва шунавандагони Донишкадаро дар бар мегирад.

71. Риоя ва иҷрои Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯёну магистрантҳо, аспирантону докторантон, унвонҷӯён ва шунавандагони Донишкадаҳатмӣ мебошад.

72. Ба Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишкада тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

73. Барои риоя накардани Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва вайрон кардани бандҳои алоҳидаи он нисбати шахсони дахлдор тибқи талаботи Кодекси меҳнатиҶумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ чораҳои интизомӣ андешида мешавад.