1. Мусиқинавозони замони Хусрави Парвизро номбар кунед.

2. «Лайлӣ ва Маҷнун» дар асари кадом шоир ба висоли ҳам мерасанд?

3. Писари Малика Томирис чӣ ном дошт?

4. Дуюмин пайғамбар дар дини Ислом?

5. Кадом пайғамбар ҳангоми навзодӣ ба сухан омад?

6. Охирин намояндаи дини Ислом, ки дар Макка ба дунё омад?

7. Сабаби кушта шудани Сӯҳробро аз дасти падар бо байте аз «Шоҳнома» гӯед.

8. Низомӣ «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро бо хоҳиши кӣ менависад?

9. Образи кадом қаҳрамон аз образи Рустами Дастон барҷастатар тасвир ёфтааст?

10. Киро дар таърих ҳокими 1000 шаҳри Бохтар мегӯянд?

11.Аввалин драманависи дунё?

12. Шоири дорандаи ҷоизаи «Нобелӣ».

13. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ кадом қисмҳоро дар бар мегирад?

14. Муаллифи асари  «Ятиматуддаҳр».

15. Аввалин касе, ки дини Исломро қабул кардааст  аз қабилаи форсҳо.

16. Шаҳре, ки дар як вақт чаҳор фаслро аз сар  мегузаронад.

17. Кадом фаслҳои сол дар «Қуръон» зикр ёфтаанд?

18. Маркази дини насронӣ кадом шаҳр аст ва дар кадом давлат ҷойгир аст?

19. Аввалин шахсе, ки «Шоҳнома»-ро навиштааст (бо наср).

20. Охирин намояндаи давлати Сомониён кӣ буд ва чӣ истеъдод дошт?

21. Мардуми форс ба ҷойи гул ба маъшуқа чӣ медиҳанд?

22.Аввалин шахсе, ки бо қалам навишт?

23. Нависандаеро гуед, ки 250000 китоб хондааст.

24. Замони зиндагии Муҳаммад (С) маркази хилофат кадом шаҳр буд?

25. Кадом шахс ният кардани намозҳоро ба тоҷикӣ ё худ форсӣ иҷозат дод?