Аз рӯзи оғози таъсисёбии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кафедраи забони тоҷикӣ ба таври мустақил вуҷуд надошт. Он аввал дар доираи кафедраи забони русӣ, сипас дар кафедраи забоншиносии умумӣ (мудиронаш мутаносибан: Абдуллоева Муяссара Абдулҳакимовна ва Панасюк Алексей Трофимович) амал мекард. Танҳо моҳи майи соли 1989 кафедра ба таври расмӣ таҳти унвони «Филологияи тоҷик» таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуд. Нахустин роҳбари кафедра дотсент А. Самадов таъйин мешавад. Он солҳо, ки Донишкада асосан муаллимони забон ва адибиёти русро барои мактабҳои миллӣ тайёр мекард, тамоми қувваю воситаҳо бештар ба омӯзиши забони русӣ сафарбар гардида, таълими ҳамаи фанҳо тавассути забони русӣ сурат мегирифт. Дар Донишкада намояндагони миллатҳои гуногун, аз қабили тоҷику узбек, озариву арманӣ, қазоқу гурҷӣ, тотору осетин, русу украин ва амсоли инҳо таҳсил мекарданд. Ба зиммаи кафедраи филологияи тоҷик, асосан таълими фанҳои забони тоҷикӣ, алифбои ниёгон, таърихи забони тоҷикӣ гузошта шуда буд. Лозим буд, ки мутахассисони варзидае, ки ҳам забони тоҷикӣ ва забони русиро медонанд, ба кор ҷалб карда шаванд. Ҳамин тариқ, ба кафедра кадрҳои ҷавони болаёқат ба мисли М. Усмонов, Х. Раҳматуллоев, Д. Турсунзода, К. Асоев, С. Хайриддинов, К. Назаров ва дигарон даъват карда шуданд.

Инчунин, барои беҳтар намудани фаъолияти кафедра устодони варзида аз дигар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ ба монанди В. Капранов- доктори илм, Л. Демидчик- доктори илм, Д. Обидов- доктори илм, З. Ҳасанова- номзади илм, Х. Рауфов- номзади илм, Хоҷаев К.- дотсент ва дигарон ҷалб карда мешаванд.  Бо назардошти вижагиҳои Донишкада аз тарафи устодон нақша ва барномаҳои таълимӣ ва корӣ мураттаб гардидаанд. Бо қарори Шӯрои олимон дар кафедра курси омӯзиши забони тоҷикӣ барои ҳаводорону хоҳишмандон созмон дода шуд, ки дар он устодон ва кормандони на танҳо Донишкада, балки кормандон аз муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ иштирок мекарданд. Ҳамчунин дар кафедра маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз қабили «Тарҷумони ҷавон» ва «Забони тоҷикӣ меомӯзем» амал мекарданд, ки чанде аз натиҷаи кори онҳо дар рӯзномаҳои расмӣ чоп шуда буд. Имрӯзҳо ин маҳфил бо номи «Забоншинос» ва “Равзана” амал мекунад. Соли 2006 кафедраи филологияи тоҷик ба ду кафедраи мустақил –кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик ҷудо карда шуд, ки ба кафедраи забони тоҷикӣ проф. О. Маҳмадҷонов мудир таъин гардид. Аз соли 2008 то соли 2010 вазифаи мудири кафедраро проф,. Ш.Исмоилов ба ӯҳда гирифт. Аз соли 2010 то соли 2013 ба кафедра дотсент С. Матробов роҳбарӣ кард.

Аз октябри соли 2014 то охири соли таҳсили 2014-2015 кафедраҳои забони тоҷикӣ ва назария ва таърихи адабиёти тоҷик як шуд, ки номи он кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва мудирии онро номзади илми филология, дотсент Хосият Олимӣ ба уҳда дошт.

Аз моҳи июни соли 2015 кафедраҳо аз нав ҷудо карда шуданд. Номи кафедра тағйир дода шуд ва он номи кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносиро гирифт. Мудири он доктори илмҳои филология, профессор Шамсуллоҳи Исмоил таъин гардид ва то сентябри соли 2016 онро ба уҳда дошт. 

Аз моҳи сентябри соли 2016 мудири кафедраи мазкур номзади илми филология, дотсент Ҷабборова Шарофат Сафаралиевна таъин  гардид. Ба кафедраи забони тоҷикӣ ва назарияи забоншиносӣ соли таҳсили 2018-2019 кафедраҳои забонҳои романию германӣ ва забони русӣ муттаҳид карда шуда, номи кафедра ба назария ва амалияи забоншиносӣ тағйир карда, роҳбарии он ба уҳдаи Наврасов Абдурауф вогузор гардид.

Аз оғози соли таҳсили 2019-2020 кафедраҳо дигарбора ҷудо карда шуданд ва кафедра номи забони тоҷикӣ ва таъмини иттилоотии идораро гирифт. Роҳбарии кафедра боз ба дӯши номзади илми филология, дотсент Ҷабборова Ш. гузошта шуд. Аз 25 декабри соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра номзади илми филология Аброров Саидумар таъйин гардида буд.

Айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра дотсент Абдураҳимов Бахтиёр мебошад.