Қаҳорзода Меҳроҷиддини Вайсиддин

Вазифа: сармушовири академии факултети филологияи тоҷик;

Маълумот: олӣ;

Ихтисос аз рӯйи диплом: забон ва адабиёти тоҷик;

Тахасус (касб): филолог, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик;

Собиқаи умумии корӣ: 4 сол;

 Рақами телефонии корӣ: (+992) 984-440-996;

 Email: mehrojiddinqahori@mail.ru

Қаҳорзода Меҳроҷиддини Вайсидин 28-уми апрели соли 1995 дар шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов, деҳаи Зардолу дар оилаи коркар ба дунё омадааст. Соли 2002 ба муассиси таҳсилоти миёни умумии №70-и зодгоҳаш ба синфи 1-ум дохил шуда, соли 2013 муассисаи мазкурро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супоридааст. Аз соли 2013 то соли 2017 дар факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур таҳсил намудааст. Дар давоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, мавсуф яке аз донишҷӯёни фаъол худро нишон дода, дар озмуну чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ иштироки фаъолона дошт. Ин буд, ки ҳанӯз дар курси 1-ум таҳсил доштанаш дар донишгоҳ дар озмуни дохилидонишгоҳии «Шинохти Ҷомӣ» иштирок намуда сазовори ҷои дуюм гашт ва бо туҳфа ва ифтихорномаи ишғоли ҷои дуюм дар озмун сарфароз гардонида шудааст. Ҳамчунин ӯ дар озмуни шаҳрӣ байни донишҷӯёни бахшида ба 90-солагии пойтахт аз рӯи номинатсияи беҳтарин қироати шеър иштирок намуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст. Мавсуф инчунин барои фаъолияти пурсамар дар факултет ва доштани одобу ахлоқи намунавӣ дар байни донишҷӯён бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Дар баробари фаъолияти пурсамар доштанаш дар дарсҳо, ҳамчунин М. Қаҳорзода қобилияти хуби навитани шеър ва мақолаҳо дар мавзӯъҳои гуногун буда, бо навиштаҳояш саҳифаҳои рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон»-и Донишгоҳи омӯзгориро рангинтар мегардонид.

            Қаҳорзода Меҳроҷиддин соли 2017 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро аз рӯи ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дараҷаи бакалавриат, хатм намудааст. Рисолаи дипломиаш баргардон намудани китоби «Ирфон ва тасаввуф»-и Муҳаммадҳасани Ҳоирӣ аз хати форсӣ ба хати кириликӣ буд, ки айни ҳол ҳамчуни китоби дарсӣ дар донишгоҳ истифода бурда мешавад. Баъд аз хатми дараҷаи бакалавриат дар донишгоҳ ӯ бино бар сабаби дониши хуби назариявӣ ва амалӣ доштанаш бо пешниҳоди раиси имтиҳони давлатӣ ба шуъбаи магистратураи донишгоҳи мазкур тариқи ройгон ба курси 1-ум дохил шуд. Ӯ дар давоми таҳсил дар шуъбаи магистратура ҳамчунин дар тамоми ҷаласаҳои илмӣ амалӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ — фарҳангӣ  иштироки фаъолона дошт.

         Соли 2017, ки дар курси 1-уми шуъбаи магистратура таҳсил менамуд, дар озмуни ҷумҳуриявие, ки  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  байни донишандӯзони тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар роҳандозӣ намуд, дар самти адабиёт иштирок намуда, сазовор дипломи кумита гардидааст.

         Фаъолияти корияшро аз соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» фаъолияти кори худро ба ҳайси роҳбари маҳифили «Адабиётшиносӣ наврас» оғоз намудааст. То соли 2019 дар муассисаи мазкур ба ҳайси роҳбари маҳифили «Адабиётшиносӣ наврас», ташкилотчӣ дар шуъбаи корҳои фарҳангӣ-оммавӣ, методист дар шуъбаи методӣ, методисти калон дар шуъбаи таъминоти методӣ, мудири шуъбаи таҳсилот ва кор бо таълимгирандагон ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Созанда» кор ва фаъолият намудааст. Дар давоми корияш дар «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ ва сиёсӣ, саҳми арзанда гузоштан дар пешбурд ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассиса бо сипоснома ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шудааст.

         Аз 1-уми сентябри соли 2019 фаъолияти кории худро ба ҳайси сармушовири академӣ дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оғоз намуда, то ҳол дар вазифаи мазкур фаъолият намуда истодааст.