Якуми октябр донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилооти идораи факултети филологияи тоҷик зери роҳбарии омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Абдуллоева Гулрухсор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дарси кушоди тарбиявиро зери унвони «Забон бақои миллат» ташкилу баргузор намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муаллима оғоз ёфт. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар бораи марҳилаҳои таърихи забони тоҷикӣ ба ҳозирин маълумот доданд.

Инчунин, дар идома донишҷӯён дар васфи забон шеъру пандҳо қироат намуда, бо саҳнаҳои тарбиявӣ табъи аҳли нишастро болида гардониданд.