Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади иҷрои нақшаи амалинамоии Барномаи грантии “Ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълими забонҳои хориҷӣ ва модернизатсияи равандҳои омодакунии тарҷумонҳо” дар дораи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимии фан ва маҷмааҳои таълимию методӣ барои ихтисосҳои 1-210601-02 Забони муосири хориҷӣ (тарҷума, забони русӣ), 1-210601-0110 Таълими компютерии забонҳо, 1-210501-03 Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, 1-230102-02 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ) ҳашт нафар мушовиронро ба муҳлати ду моҳ тибқи шартнома ба кор қабул менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд дар озмун ба суроғаи н.Сино, кўчаи Муҳаммадиев 17/6 ё бо телефонҳои 989.01.00.14, 900.26.26.45, суроғаи электронӣ maftuna_01_01@list.ru муроҷиат намоянд.