Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 23-юми июн конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба 110 – солагии Нависандаи Халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода таҳти унвони “Нақши Сотим Улуғзода дар инкишофи наср, драма ва тарҷумаи муосири тоҷик” баргузор гардид.

Дар конференсия ректори муассиса, доктори илмҳои филологӣ Жило Гулназарзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, А. Кӯчарзода, ходими калони илмии Академияи миллии илмҳо Ҷ. Мурувватиён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори таълимгоҳ дар ифтитоҳи чорабинӣ оид ба фаъолияти тарҷумонӣ, мунаққидӣ, адабиётшиносӣ ва драматургии адиби саромад ва суханвари бузург, тарҷумони моҳир ва суханпардози шоҳир, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Сотим Улуғзода чанд нукотеро иброз дошта, қайд намуд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон ҳанӯз 27-уми ноябри соли 2002 барои хизматҳои бузург дар рушди фарҳанг, инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, ташаккули худшиносии миллӣ, афзудани неруи маънавӣ ва зеҳнии миллат, иштироки пурсамар дар ҳаёти ҷамъиятӣ адиби номвари тоҷик – Сотим Улуғзодаро бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1” сазовор донистанд.

Дар идома, доктори илмҳои филологӣ Аламхон Кӯчарзода дар мавзӯи “Чеҳранигории осори С. Айнӣ ва С. Улуғзода” баромад карда, зикр дошт, ки дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” – и Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки Сотим Улуғзода ҳамчун шогирди содиқу бовафои устод Айнӣ дар радифи Мирзо Турсунзода хиштҳои нахустини адабиёти тоҷикро гузоштааст. Роҳи барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо кардани эҳсоси бузурги ватанпарастӣ барои мардуми тоҷикро, ки устод Айнӣ дар адабиёт шурӯъ кард, Сотим Улуғзода онро бо матонат ва бинишу нигориши тозаю амиқ идома дод ва садоқату эҳтиромашро ба таърихи миллат ва фарзандони ҷоннисораш нишон дод.

Баъдан, Ҷамила Мурувватиён доктори илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Ду таҳрири романи “Фирдавсӣ” – и Сотим Улуғзода” маърӯза ироа намуда, чанд нуқтаеро оид ба фарқиятҳои воридкардаи устод Улуғзода дар нашри дуюми ин роман зикр кард.

Ҳамчунин, дигар омӯзгорон дар мавзӯоти “Фаъолияти илмии Сотим Улуғзода”, “Улуғзода дар омӯзиши “Наводир – ул — вақоеъ” – и Аҳмади Дониш”, “Сотим Улуғзода – пайвандгарди дирӯз ва имрӯз”, “Нақши беназири Сотим Улуғзода дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик” маърӯзаҳои пурмуҳтавоеро ба самъи ҳозирин расониданд.