Дар Амрико истеъмоли гӯшти шер вусъат пайдо мекунад. Чанд ширкат бо истеҳсоли чунин гӯшт машғуланд, ки ширкати Exotic Meat Market дар ин миён бештар фаъол аст. Намояндагони ширкати мазкур иброз медоранд, ки онҳо барои истеҳсоли гӯшт теъдоди зиёди шерҳои африкоиро парвариш мекунанд. Аз гӯшти шер (илова бар он ки бевосита фурӯхта мешавад)-ҳасиб, бургер, салатҳои гуногун ва консерва омода месозанд. Як порсия гӯшти шер 999,99 доллар арзиш дорад ва чаро маҳз чунин нарх муқаррар шудааст, касе посух намегӯяд.

Яке аз тарабхонаи иолати Аризон ба рӯйхати таомҳои худ гӯшти шерро, ки дар шакли кулчачаҳо пешниҳод мешавад, ворид намудааст. Як дона кулчача аз гӯшти шер 9 доллар арзиш дорад (боз нӯҳ).