Бино ба гувоҳии сарчашмаҳои хаттӣ императори Рим Гелиогабал меҳмонони олиқадри хешро хеле дӯст медошт ва эҳтиром мекард, барои онҳо хӯрокҳои аҷибу лазиз мефармуд ва дар ин кор аз ҳеҷ гуна хароҷоти барзиёд худдорӣ намекард. Чунончи, ҳангоми ҷашнҳои хоса император хӯроке фармоиш медод, ки аз мағзи сари шашсад шутурмурғ омода мешуд. Ҳамчунин, барои меҳмони ӯ аз ҷигари қу, дили саг хӯрок таҳия менамуданд. Ба амри Гелиогабал барои  меҳмононаш биринҷро бо дурдона ва нахӯдро бо заррезаҳо омехта карда дар табақчаҳо мегузаштанд. Императори дигари Рим Авла Вителлия низ дар таҳияи хӯрокҳои гуногуни ғайриодӣ пайрави ворисонаш буд. Ӯ хӯрокҳоеро, ки аз мағзи сари тӯтиву тазарв ва забони булбул (!) омода карда мешуданд, хеле дӯст медошт. Императорон хӯрокхӯрӣ дар ҳавои кушод ва ҷойҳои хушманзараро меписандиданд. Онҳо барои тайёр кардани хӯрокҳои писандидаашон аз хароҷоти калон худдорӣ намекарданд ва аз ин рафторашон ифтихор доштанд.