Горилла аз намудҳои хеле аҷиби маймунҳост. Хашму ғазаби он бештар барои ҳушдор додан аз нерӯяш ва тарсондани тарафи муқобил рӯ мезанад. Горилла ногаҳон ва хеле тезутунду чолокона ба ҳарифаш ҳамла мекунад ва низ бо чобукии фавқулода дар рӯ ба рӯи ӯ таваққуф менамояд ва ба ду по рост истода, бо дастонаш паи ҳам мушт ба сари сина мезанад. Ва дар ин ҳолат садое ба гунаи бонги изтироб мебарорад. Агар ҳарифаш фирор кунад, горилла ӯро таъқиб карда, дар меёбад ва мегазад. Дар байни чанде аз қабилаҳои африқоӣ аз ҳама ҷароҳати хиҷолатовар ҷои газидаи гориллаҳост. Ин гуна  ҷароҳат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шахс тарсончак аст ва аз таҳдиди горилла рӯ ба гурез ниҳодааст.