Шаҳрванди Британияи Кабир Мэтю Уиллер дар 31-солагиаш тани тамоман беҷурм дошт ва аз маъруфияте бархурдор набуд. Вале аз ин пас ӯ яке ба холкӯбӣ (татуировка) майл пайдо кард. Ва тадриҷан чунон ба «ишқ»-и ин амал дода шуд, ки дар натиҷа 80 дарсади ҷисмашро холкӯбиҳои аҷиб бо истифода аз рангҳои гуногун «истило» намуданд. Мэтю Уиллер ба шарафи ин «комёби»-яш, ҳатто, номашро тағйир дод ва акнун ҳама ӯро Шоҳи Кишвари Рангҳо меноманд. Ин «шоҳ»-и ғайриодӣ ва алобуло барои холкӯбии бардавоми танаш дар маҷмӯъ беш аз 20000 фунт-стерлинг (тақрибан 32000 доллар) ва 300 соат вақт сарф намудааст. Шоҳи Кишвари Рангҳо ба 20 дарсади ҷои холимондаи танаш ҳамеша бо нафрат менигарад.