Ҳодисаи гум шудани як ҷуфти ҷӯробҳо хеле маълум асту дар ҳар хонадон зуд-зуд ба вуқӯъ мепайвандад. Як пои ҷӯробҳо дар гӯшаи хона, дар ҷевон, лаган ё мошини ҷомашӯӣ… гӯё худ аз худ нопадид мешаванд. Ва аз ин ҳодисаи дар назари аввал хеле ночиз садҳо нафар мунтазам «ҷабр» мебинанд, асабӣ мешаванд. Ба назардошти ин ҳолат дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи «Хадамоти ҷустуҷӯи ҷӯробҳои гумшуда» таъсис дода шудааст. Созмондодагони ин сомонаи аҷиб даъво доранд, ки сомонаашон дар ҷаҳон ҳамто надоранд ва онҳо ба ин васила омодаанд, ки ба ҷӯробгумкардаҳои «баргаштабахт» барои дарёфти ҷуфти ҷӯробашон мадад расонанд: тавассути маслиҳат, омилҳои психологӣ, таъкиди ҷойҳои эҳтимолии ҷӯробҳои гумшуда, ҳатто, тариқи алоқа бо ҷинҳои хонагӣ («домовой»)-ю мавҷудоти кайҳонӣ. Аҷиб ва боварнакарданист? Ин қазовати шумост, лекин ба ҳар ҳол, чунин сомона вуҷуд дорад.